"Тасф набуд, вале даст камтар дард мекард": Путин аҳволашро пас аз ваксингирӣ шарҳ дод

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Кишвардори Русия мегӯяд, ки бо яке аз се ваксини истеҳсоли ватанӣ эм карда шуд ва инро танҳо пизишки ӯ медонад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар бораи аҳволи худ пас аз гирифтани ваксин нақл кард. Ӯ гуфт, дақиқан панҷ соат пас аз ваксингирӣ ягон чизро эҳсос намекард.
"Баъдан дасти чапамро боло кардам ва як нороҳатӣ эҳсос намудам. Ҳоло ҳам, агар ҷойи сузангириро зер кунам, айнан чунин ҳолатро ҳис мекунам", - изҳор дошт Путин дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 1".
Зимнан, Владимир Путин илова намуд, ки дар рӯзи ваксингирӣ қабл аз хоб рафтан аз барои эҳтиёт наздаш ҳароратсанҷро гузошт ва субҳ аснои аз хоб бедор шудан, нахуст ҳарорати баданашро санҷид ва он мӯътадил будааст.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Молдавии И. Додоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Кремл шарҳ дод, ки чаро эмгузаронии Путин оммавӣ намешавад
Феълан маълум нест, ки Владимир Путин бо кадом ваксин эм гирифт. Худи ӯ дар ин бора чунин афзудаст, ки "бо яке аз се ваксини ватанӣ эм гирифтааст".
Владимир Путин эм карда шуд: аҳволаш чӣ гуна аст?
Дар идома, раисҷумҳури Русия тавзеҳ дод, танҳо пизишки ӯ медонад, ки кадом ваксинро истифода намудааст.
Владимипр Путин ҳамчунин гуфт, пас аз гирифтани эм, муддати се рӯз тамрин накард ва ҳамчунин аз бозии хоккей ва оббозӣ низ даст кашид.
Ёдовар мешавем, рӯзи 23 март роҳбари Русия Владимир Путин алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифт. Ҷараёни гирифтани эмгузаронии Путин бидуни аксгирию наворбардорӣ анҷом ёфт.
Лентаи хабарҳо
0