Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Раҳмон: сохтмони пули ҳафтум ба Афғонистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузаштан ба хазинаи аксПограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото
Пограничная с Афганистаном река Пяндж, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои афғонистонияш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, изҳор дошт, ки сохтмони пули 7-ум миёни ду кишвар ба зудӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ гуфт, мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.
Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2020
Марз бо Афғонистон баста шуд: даҳҳо мошин дар ду сӯи Панҷ банд монданд
“Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан барои бунёди пули 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон бо Бунёди Оқохон созиш ҳосил шуда буд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дарозии пул дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, феълан дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала