Саноати Хатлон: 37 корхона ташкил шудаанду 77 корхона аз фаъолият бозмондаанд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПредприятие "Вахдат" по производству носков в Таджикистане
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон рушди соҳаи саноат дар вилояти Хатлон, сераҳолитарин минтақаи кишварро нокифоя арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёдгардида аввали соли 2021 ба 620 расидааст.
Шерали Кабиров, новый министр промышленности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Аз истеҳсоли “Камаз”-у “KIA” дар Тоҷикистон то фаровонии нон: сафарҳои Шералӣ Кабир - акс
Таъкид шудааст, ки аз ин ҳисоб 37 корхона дар соли 2020 таъсис ёфтааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба имконияту захираҳои вилоят тамоман паст арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин, таъкид шудааст, ки соли 2020 –ум 77 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз монда, фаъолияти 27 корхона пурра қатъ гардидааст.
Бар асоси иттилои расмӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят соли 2020 ба 8,8 миллиард сомонӣ расонида шуда, нисбат ба соли 2019 ҳамагӣ 0,7 фоиз афзоиш ёфтааст ва дар 4 шаҳру ноҳия  - Ёвон, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Шамсиддини Шоҳин кам шудааст.
Инчунин, дар ин давра аз 163 номгӯйи маҳсулоти саноатии дар вилоят тавлидшаванда суръати афзоиши истеҳсоли 61 номгӯйи он (37 фоиз) нисбат ба соли 2019 таъмин нагардидааст. Аз ҷумла истеҳсоли орд 41 фоиз, калобаи пахтагин 20 фоиз ва либоси мактабӣ 9 фоиз коҳиш ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи сафари охираш ба  Хатлон, дастур дод, ки тадбирҳо барои истифодаи зарфиятҳои вилоят таҳким ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0