Селу тарма ва сангрезӣ роҳи Бадахшонро баст

Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Фаромадани селу тарма ва ҳамчунин сангрезӣ роҳҳои мошингардро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масдуд кард
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Дар роҳҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон феълан ҳаракати нақлиёт номумкин аст, зеро тармаву сел ва ҳамчунин сангрезӣ роҳҳоро масдуд намудаст.
Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришҳои шадид дар қаламрави ин вилоят дасти кам 21 тарма, 9 сел ва 4 ҳолати резиши сангҳо ба қайд гирифта шуд.
Дождливый день, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
КҲФ аз боронгариҳо ва фаромадани селу тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
Гуфта мешавад, рӯзи гушашта резиши санг ва фаромадани тармаю сел дар роҳҳои навоҳии Ванҷ, Роштқалъа, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт, ки дар натиҷа роҳҳои мошингард дар қитъаҳои гуногун муваққатан баста шуд.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт ба маконҳои мазкур техникаи махсус ирсол намудааст ва феълан корҳои аз сангу барф тоза кардани рощщо идома дорад.
Қайд гардид, ки хушбахтона дар ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ва вайрониҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Манбаъ меафзояд, бо сабаи боришҳои шадид ва баланд шудани дамои ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва омадани сел вуҷуд дорад.
Аз ин хотир, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд ва ҳамчунин аз чаронидани чорвою ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0