Сӯхтор дар Хоруғ манзилҳои истиқоматиро хароб кард

© Фото очевидцевПожар в городе Хорог
Пожар в городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Бар асари сӯхтор дар бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чанд хона пурра хароб гардиданд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Ба иттилои шоҳидон, сӯхтор шоми имрӯз дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳри Хоруғ рух дод.
Взрыв и пожар на заводе в Индонезии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Сӯхтори мудҳиш дар полоишгоҳи нафт дар Индонезия: 28 кас маҷрӯҳ шуд – видео
Дар пайи сӯхтор чор хонаи истиқоматӣ хароб гардида, сокинони маҳаллӣ ва оташнишонҳо тавонистаанд, аз паҳншавии он ба манзилҳои дигар ҷилавгирӣ намоянд.
Модар барои наҷоти ҷони фарзандҳо, онҳоро аз тиреза ҳаво дод - навор
Таъкид шудааст, ки бар асари сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сабаби сӯхтор расиши ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мегардад, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.
Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ва хисороти он феълан шарҳе ироа накардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала