Дар Тоҷикистон қурби доллар боз боло рафт

Доллары США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Пули миллӣ дар Тоҷикистон нисбат ба доллар ба таври назаррас суст шуд, аммо дар пасманзари қурби заифи евро тақвият ёфт
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik.  Дар Тоҷикистон қурби расмии доллар нисбати сомонӣ боло рафт.
Ва сарфи назар аз он, ки доллар аз рӯи меъёри Бонки миллии Тоҷикистон якчанд дирам афзоиш ёфтааст, тағйиротҳо аёнанд.
Ҳамин тавр, имрӯз як доллар 11,3120 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки дар охири ҳафтаи гузашта ин нишондиҳанда дар сатҳи 11.3100 сомонӣ қарор дошт.
Бояд гуфт, ки пули "амрикоӣ" дар Тоҷикистон аз нимаи моҳи март рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Он аз моҳи ноябри соли 2020 бетағйир буд.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Коршинос гуфт, кадом вақт бояд фавран аз доллар халос шуд
Ҳамзамон, тақвияти қурби сомонӣ дар муқобили пули урупоӣ идома дорад.
Имрӯз як евро дар Тоҷикистон 13,33 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъори хориҷӣ аз аввали соли 2021 дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
Дар мавриди қурби рубл дар кишвар, БМТ онро барои ҳазор рубл 148 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ҳамин тариқ, асъори русӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор гирифта, меафтад ва сипас аз рӯи нишондиҳандаҳо боз меафзояд.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Коршинос гуфт, ки кай долларро бояд фурӯхту ба ҷояш рубл харид
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала