Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ваксини мазкур низ дар Маркази Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин ваксин як қисми ваксини "Спутник V" мебошад, ки онро дар Маркази ба номи Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди мустақими сармоягузории Русия таҳия намуданд.
Михаил Мурашко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Мурашко гуфт, озмоиши даври дуюми "Спутник Лайт" анҷом ёфт
Феълан марҳилаи сеюми озмоишии ваксини "Спутник Лайт" идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Фонди мустақими сармоягузории Русия Киррил Дмитриев таъкид намудааст, ки ваксини мазкур асосан ба бозорҳои хориҷӣ тамаркуз мекунад. Аниқтар ба он кишварҳое, ки гирифторшавӣ ба коронавирус ба сатҳи баландтарин расидааст.
Қаблан роҳбари Маркази ба номи Гамалей Александр Гинсбург дар робита ба ваксини мазкур гуфта буд, ки ин ваксин метавонад сарбории вазоратҳои беҳдошти кишварҳои хориҷро сабук кунад ва ҳамчунин сатҳи баландтарини сироятшавиро коҳиш диҳад.
Муассирияти ваксини "Спутник Лайт" 85 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар Русия озмоиши ваксини "Спутник V" барои беморони саратон оғоз ёфт
Бояд зикр намуд, ки ваксини макур танҳо як маротиба ворид мешавад ва масунияте, ки пас аз гирифтани он пайдо мешавад, то се - чор моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Таҳиягарони ваксини "Спутник Лайт" мегӯянд, агар нафаре пас аз гирифтани ин ваксин ба коронавирус сироят шавад, ҷараёни бемории ӯ сабук хоҳад гузашт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала