Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар Амрико боз эътироз: ба хушунат алайҳи осиётаборҳо

© REUTERS / BRIAN SNYDERДемонстранты в Бостоне, штат Массачусетс
Демонстранты в Бостоне, штат Массачусетс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ин эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки тирандозии густардаи ахир дар шаҳри Атланта мунҷар ба кушта шудани ҳашт нафар, аз ҷумла шаш зани осиёитабор шуд
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Тазоҳурот дар эътироз ба хушунат алайҳи осиёитаборҳо дар нуқоти мухталифи Амрико дар шаҳрҳои Лос – Анҷелес, Сан Франсиско ва Атланта баргузор шуд.
Сторонница Трампа на акции в его поддержку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2021
Гирдиҳамоии тарафдорони Трамп дар Амрико
Ба гузориши "Парстудей", муътаризон дар шаҳрҳои Лос – Анҷелес, Сан Франсиско ва Атлантаи Амрико рӯзи шанбе бо барпоии тазоҳурот, дар даст доштани овезаҳо ва сар додани шиорҳое дар ҳимоят аз ҷомеаи осиёитабори ин кишвар, хостори таваққуфи ҳамалот ва хушунатҳо алайҳи осиёитаборҳо дар саросари Амрико шуданд.
Ин эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки тирандозии густардаи ахир дар шаҳри Атланта мунҷар ба кушта шудани ҳашт нафар, аз ҷумла шаш зани осиёитабор шуд .
"Ин ҳодиса тавваҷуҳи мардумро ба афзоиши ҳамалоту озору азияти шаҳрвандони осиёитабори Амрико дар соли 2020 ҷалб кард", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки хушунату нафрат алайҳи осиёитаборҳо дар Амрико дар даврони ҳамагирии корона афзоиши чашмгире доштааст.
Авҷи нави эътирозҳо дар ИМА: полис як амрикои африқоиро ҳангоми боздошт ба қатл расонд
Аз ибтидои густариши вируси корона дар Амрико, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар борҳо бо иттиҳомзанӣ ба Чин, вируси коронаро "вируси чинӣ" ё "вируси Вуҳон" номид, ки ба шаклгирии мавҷе аз хушунати гурӯҳҳои ифротӣ алайҳи шаҳрвандони осиёитабор анҷомид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала