Идомаи эмгирии кормандони соҳаи тибб дар Тоҷикистон

© Вазорати тандурустии ҶТЭмгузаронии табибон дар шаҳри Душанбе
Эмгузаронии табибон дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Дар Тоҷикистон ваксингирӣ алайҳи коронавирус бо доруи англисӣ-шведии AstraZeneca, ки рӯзи 23 март оғоз шуд идома дорад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон айни замон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе бомаром идома дорад.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, роҳбарият ва кормандони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Доктор медицинских наук, профессор и телеведущая Елена Малышева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Бояд гуфт, ки тибқи нақша нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм   ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.
Дар Тоҷикистон рӯзи 23 март дар Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" бо ширкати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода расман эмгузаронӣ оғоз шуд.
Нахуст Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва  роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ваксинаи зидди бемории COVID-19 гирифтанд.
Қарори Ҳукумат: эълони вақт ва тартиби ваксинагирӣ зидди COVID-19 дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки сироятшиноси рус, сарпизишки Маркази тиббии "Лидер-Медицина", номзади илмҳои тиб Евгений Тимаков гуфт Тоҷикистон метавонад бо эмгузаронӣ ҳамагирии коронавирусро боздорад.
Дар Тоҷикистон барои эмгузаронӣ алайҳи COVID се ҳазор нуқта боз мешавад
Ӯ гуфт, ҳангоми пандемия, бо дастрасии маҳдуди ваксина, бояд одамонеро эм кард, ки воқеан ба ваксина ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала