Ҳабси ронандаи мусофирбар ва пулчинак барои майдаавбошӣ - видео

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМаршрутка в Таджикистане, архивное фото
Маршрутка в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Додгоҳ дар шаҳри Душанбе ронандаи мусофирбар ва пулчинакро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бар асоси қарори додгоҳ, ронанда Наимов Акмал ба муҳлати 15 шабонарӯз ва кондуктор ё худ пулчинак Тағоев Нурсултон ба муҳлати 5-шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ронандаи мусофирбар, Наимов Акмал Акобирович, сокини 26-солаи деҳаи Танобчии болои ноҳияи Темурмалик,  бо ҳамроҳии пулчинак Тағоев Нурсултон, сокини 23-солаи деҳаи Иттифоқи ноҳияи Фархор, донишҷӯи бахши сеюми Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Муайян шудааст, ки афроди номбурда 25-уми марти соли ҷорӣ тақрибан соати 15:40 дақиқа ҳангоми ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул шуданд, дар кӯчаи Фирдавсӣ назди боғи ба номи А. Фирдавсӣ, ҳангоми фаровардани мусофирон шитобкорона воситаи нақлиётро ба ҳаракат даровардаанд, ки ин амали онҳо боиси ба миён омадани ҳолати садамавӣ ва эроди атрофиён гардидааст.
“Ҳамзамон нисбати як нафар ҷавон, ки ба ин амали онҳо вокуниш нишон додааст, дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, пулчинак Тағоев Нурсултон ӯро латукуб кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Додгоҳ муттҳамонро дар майдаавобошӣ гунаҳкор дониста, ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала