Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дар марз дӯстию ҳамкорӣ бошад: созиши Раҳмону Ғанӣ барои мубориза бо қочоқу терроризм

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоташ бо раисиҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ буданд
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ гуфт, дар ин музокироти сатҳи олӣ мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсии Афғонистон ба таври муфассал баррасӣ гардиданд.
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Афғонистон меравад
“Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар таъмини бештари амнияти марзҳои муштараки давлатӣ таъкид намуданд. Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки мушкилоти дар ин самт мавҷударо бартараф намуда, марзи ду кишварро ба арсаи субот, дӯстӣ ва ҳамкории созанда табдил диҳем”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки дар мулоқот зарурати тақвияти  мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
“Тоҷикистон аз талошҳои ҳукумату мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати истиқрори сулҳу суботи комил ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯст истиқбол менамояд”, - изҳор дошт Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон манфиатҳои зиёди муштарак доранд.
“Мазмуну муҳтавои онҳоро, қабл аз ҳама, таъмини суботу амният ба манзури таҳкими заминаи пешрафти ду кишвар ва рушди тамоми минтақа ташкил медиҳад. Бовар дорем, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба тавсеаи ҳамкориҳои  дуҷониба такони тоза хоҳанд бахшид”, - изҳор дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон. 
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала