Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳо бо Туркия

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо вазири корҳои хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушӯғлӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси "Қалби  Осиё — Раванди  Истамбул" дар Тоҷикистон қарор дорад диддору мулоқот кард.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф ва тандурустӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Турецкая армия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Туркия барои Тоҷикистон афсарони полис омода мекунад: бо кадом шартҳо?
"Дар ин зимн, зарурати танзими мулоқоту музокирот ва тамосҳои сатҳи олӣ дар ояндаи наздик таъкид гардид", - омадааст дар хабарнома.
Ҷонибҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форумҳои соҳибкорон ва намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолиро василаи муҳими таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳо арзёбӣ кардаанд.
Ҳамчунин робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва дигар арсаҳои иҷтимоӣ ҷанбаи муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон дар ин ҷода аз фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Табодули фарҳангӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати мубориза бо оқибатҳои пандемия ва воридоти таҷҳизоти муосири тиббӣ аз мавзӯъи дигари суҳбат будааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, табодули андеша карданд.
Манбаъ афзуда, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои робитаҳои ҷонибҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчунин дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, муҳокима шудааст.
Лентаи хабарҳо
0