Бонки миллӣ ба "Созидание" ва "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод

© Национальный банк РТПредседатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода при выдаче лицензии действующиму Директору «Паймон Страхование» Темуру Мирсалимову
Председатель Национального банка Таджикистана Хоким Холикзода при выдаче лицензии действующиму Директору «Паймон Страхование» Темуру Мирсалимову - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Раёсати Бонки миллӣ имрӯз ба ширкати "Созидание" ва ташкилоти суғуртавии "Паймон Иншуренс" барои фаъолият иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ахиран Раёсати Бонк дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” қарор қабул карда, ба ҶСП ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
ОАО Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Бонки миллӣ ба ширкати "Тоҷик Эйр" иҷозатномаи "вижа" дод
Иттилоъ дода шудааст, ки раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни супоридани иҷозатнома ба директори ташкилоти суғуртавии “Паймон Иншуренс” Темур Мирсалимов барои фаъолияти минбаъда барору комёбӣ таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ташкилоти мазкур дар оянда барои рушди бозори суғуртаи кишвар саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро вазифадор кард, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.
Ҳамзамон, имрӯз бо қарори навбатии Раёсати Бонк аз 26 марти соли 2021, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Созидание" барои анҷом додани хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ ба муҳлати 3 сол тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Гуфта шудааст, ки роҳбарияти Бонк департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъорро уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала