Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дастури ҳукумат: ба Чин бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон пардохт шавад

© Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки 25 миллион доллар қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар назди қарзи Бонки содироту воридоти Чинро пардохт кунад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин ба маблағ суду ҷаримаи деркарди ин вомро шомил мешавад ва бояд имсол пардохт гардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “ТоҷВик”.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти бахше аз масири Душанбе - Бохтар – Ваҳдат ва Ёвон ба тӯли 46 километр аз Бонки содироту воридоти Чин 68 миллион доллар қарз гирифта буд.
Дар ин масир 3 нақб ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шуд.
Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки маблағи 25 миллион долларе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон бояд ба дастури ҳукумат ба Бонки содироту воридоти Чин пардохт кунад, бахше аз қарзи ин ширкат мебошад, ки пас аз сохти ин шохаи роҳи оҳан дар соли 2016 ба далели мушкилоти молӣ заминаи бозпардохти он вуҷуд надошт.
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳад
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бояд тайи 5 сол 25 миллион долларро низ ба ҳукумат бозгардонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала