Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эмгирии беш аз 100 миллион нафар дар Чин: ваксинагирӣ бар зидди COVID-19 идома дорад

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Дар саросари Чин 102 миллиону 417 ҳазор нафар то кунун бар зидди вируси корона ваксина шудаанд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи якшанбе эълом кард, ки эмгузаронӣ дар кишвар бар асоси авлавиятбандӣ дар гурӯҳҳои калидӣ ва гурӯҳҳои пурхатар дар ҷараён аст. Гурӯҳҳои калидӣ ва пурхатар ба афроде гуфта мешавад, ки дар маҳалли кор дар маърази хатари зиёд бо вируси корона қарор доранд, иттилоъ додааст ИРНА.
Акция протеста против мер по борьбе с коронавирусом в Касселе, Германия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Пандемия ба тӯфони комил дар Аврупо табдил меёбад
Ли Бин, муовини Комиссияи миллии беҳдошти Чин (NHC) гуфт: Ба гурӯҳҳои пурхатар умдатан афроди солманд ва афроде, ки бемориҳои заминаӣ дорандро шомил мешавад.
"Ночор": кӣ дар Аврупо ба “Спутник V” таваҷҷуҳ кард
Мақоми чинӣ афзуд, ки комиссияи миллии беҳдошти Чин ба таври муназзам ҳарорати ваксинаҳоро дар фароянди захирасозӣ ва ҳамлунақл контрол мекунад то аз эминӣ ва асарбахшии онҳо итминон ҳосил кунанд.
Оё Тоҷикистон ба "корона" пирӯз шуд - чанд посухи маъмул
Ваксинатсия дар Чин бо истифода аз чаҳор ваксинаи сохти ширкатҳои Синофарм, Синовак ва Консино идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0