Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир

© Пресс-служба Президента РТОфициальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе
Официальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Раисҷумҳури Афғонистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон суҳбат карда гуфт, ки дар айёми тифлӣ китобҳои Садриддин Айниро хондааст
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки аз сӯи мухолифинаш ба миллатгароӣ ва таассуби қавмӣ муттаҳам мешавад, зимни суханронии худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон сухан кард. Вай гуфт, ифтихори онро дошт, ки зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки воқеан қобили бузургдошт аст, гул бигзорад.
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ашраф Ғанӣ гуфт, пас аз хатми раёсаташ дар Тоҷикистон кор мекунад
“Чор дарбор – дарбори Тоҳириёни Ҳирот, Саффориёни Нимрӯзу Систон, Сомониёни Бухоро ва Ғазнавиёни Ғазна асоси тарзи диди ҷаҳонии моро ва тарзи тафаккури моро ба забони дарӣ, забони пуршарафи мо эҷод намуданд. Ҳазор сол пеш инҳо ҷиҳати имрӯзро таъйин карданд. Чанд забони дигарро суроғ доред, ки баъд аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам хонда метавонем ва аз пешаш лаззат гирифта метавонем?", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Дар идома ӯ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, поягузори адабиёти тоҷику форсро "ифтихороти муштараки мо" хонда афзуд, Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам набзи эҳсосоти моро дар тамоми дунёе, ки дариро хонда метавонанд, таъйин мекунад.
“Бӯи ҷӯи Мавлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Ҳамчунин ифтихороти муштараки мо – Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Амир Хусрав, Бедил, ҳамаи инҳо ситораҳои бузурге ҳастанд, ки як фарҳанги муштараки моро эҷод карданд”, - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Вай афзуд, ин нуктаро ба он хотир арз мекунад, ки ин афрод, вақте ҷаҳонӣ шудану тағйирот аст, дар айни ҳол бо тадовуми фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон иртиботи возеҳ дорад.
Переговоры президентов РТ и Афганистан Эмомали Рахмон и Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Раҳмон Тоҷикистонро хонаи дувуми Ашраф Ғанӣ гуфт
"Маънои ҳамкориҳои минтақаиву байнулмилалӣ фаромӯш кардани ҳуввиятҳои миллии мо нест. Ҳамчунин иртибототи фароминтақаии мо низ. Забони дарӣ як вақт то Банголаву Истамбул забони ҳоким буд ва мисли забони инглисии имрӯз як забони таърих, гуфтор ва навиштор буд", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.

Айниро хондаам...

Вай гуфт, дар бахши адабиёти муосир ҳам мехоҳад ба ҳайси касе, ки дар даврони тифлӣ Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаву Лоҳутиро хонда буд, суҳбат кунад.
"Бахусус, "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуровро мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки ҳуввияти Тоҷикистонро умқу буъди васеъ дод ва дар баҳсҳои афроде, ки намехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод шавад, як нақши асосӣ дошт. Шумо сари шонаҳои худ ин меросро доред ва онро пеш мебаред", - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар даҳаҳои 60 – 80 – и асри гузашта дар Афғонистон ба ҳуруфи арабӣ баргардон шуда, ба нашр расидаанд. "Тоҷикон" бори охир соли гузашта дар Афғонистон дубора ба нашр расидааст.

Аҳмад Зоҳир

Дар идомаи суханронияш раисҷумҳури Афғонистон овозхони маъруфи кишвараш Аҳмад Зоҳирро яке дигар аз ифтихороти муштараки мардуми ду кишвар хонд. Вай гуфт, Аҳмад Зоҳир як афғон буд, аммо сармояи муштараки мардуми Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва соири кишварҳои минтақа аст.
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ашраф Ғанӣ доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд
"Аҳмад Зоҳир дар мактаб аз ман се сол пеш буд, аммо дар ҷавонӣ аз пеши мо рафт. Ҳамеша ёдаш тоза бод. Ӯ нуқтаи васли мост. Хонданҳои ӯ дар дили мардум дар ҳама ҷой нишаста ва махсусан, боиси ифтихори ман аст, ки ҳар куҷои Осиёи Марказӣ, ки наравам, аввалин суоле, ки аз ман мекунанд, Аҳмад Зоҳир аст. Аҳмадзоҳирҳои нав пайдо мешаванд, ки василаи иртиботи мо хоҳанд буд”, - гуфт ӯ.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, субҳи 29 март, ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” вориди Тоҷикистон шуд. Дар давоми рӯз ӯ як мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дошт.
Пас аз зуҳр ӯ дар маҳфиле дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ӯ унвони доктори фахрӣ дода шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала