Марде дар соҳили дарёи Душанбе худро овехтааст - акс

© Sputnik Амир ИсаевРека "Душанбинка". Архивное фото
Река Душанбинка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳолати худовезии як мард дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳодиса имрӯз рух додааст. Субҳи имрӯз ба идораи КҲФ дар шаҳри Душанбе сокинони маҳаллӣ хабар доданд‚ ки дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Сабзкор марди ношиносе худро овехтааст.
"Баъди дарёфти хабар ҳайати гурӯҳи якуми Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Маълум гардидааст, ки марди марҳум зодаи 42-солаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошад. Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин мард дар бетони рӯди Душанбе феълан номаълум мебошад. 
КҲФ мегӯяд, имдодгарон ҷасадро аз девори бетонии соҳил поин оварданд ва ба кормандони милитсияи ноҳия, ки ба ҷойи ҳодиса даъват шуда буданд, супурданд.
Таъкид шудааст, ки феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳодисаро тафтиш мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала