Ҳавошиносон: дар пойтахт бориши сусти борон дар назар аст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОсенняя непогода
Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанди бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  0-5  дараҷа хунук  мешавад.
Новости Таджикистана сегодня - 03.03.2021 / ахбори точикистон - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2021
Раҳмон дар бораи таҳдиди обшавии пиряхҳои Помир: навор
Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунк  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефароядҲаво  дар водиҳо  шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 8+3  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона  2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон дар назар аст. Тумани тунук мефарояд. Ҳаво шабона  2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0