СУТ натиҷаҳои сафараш ба Вуҳанро гуфт: коронавирус аз куҷо пайдо шудааст?

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксЭмблема Всемирной организации здравоохранения
Эмблема Всемирной организации здравоохранения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) натиҷаҳои сафари мутахассисонашро ба Вуҳан, шаҳре, ки дар он коронавируси хатарнок пайдо шудааст, эълон кард
ДУШАНБЕ, 30 март - Sputnik. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, имкон надорад, ки коронавирус дар шароити лабораторӣ рушд кунад.
Ҳангоми конфронси оммавии онлайн, Директори генералии СУТ Тедрос Аданом Гебресиес қайд кард, ки ҳама фарзияҳои маълум дар бораи пайдоиши коронавирус ҳоло ҳам баррасӣ мешаванд. Коршиносон ҳанӯз наметавонанд ба тавофуқ бирасанд.
Летучие мыши в пещере Gomantong в Малайзии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2020
Олимони се кишвар мегӯянд кӯршапаракҳо коронавирусро дармон медиҳанд
"Дар мавриди СУТ ҳама фарзияҳо боқӣ мемонанд. Ин гузориш танҳо оғози роҳро нишон медиҳад, аммо ин ниҳоӣ нест. Мо ҳанӯз манбаи ин вирусро пайдо накардаем ва бояд роҳи илмро идома диҳем." - гуфт Гебрейесус.
Тибқи гуфтаи ӯ, созмон то ҳол ба он нусхае риоя мекунад, ки COVID-19 ба одам аз кӯршапаракҳо тавассути ҳайвони интиқолдиҳанда сироят кардааст.
Ёдовар мешавем, ки гузориши ниҳоии миссияи байналмилалии коршиносон дар бораи сафар ба Чин 40 саҳифаро дар бар гирифт. Сафари мутахассисони СУТ ба Вуҳан бо мақсади фаҳмидани пайдоиши коронавирус аз моҳи январ то феврал давом кард.
Вирусшинос аз Вуҳан дар бораи намудҳои нави коронавирус хабар дод
"Гурӯҳ инчунин аз якчанд озмоишгоҳҳои Вуҳан дидан кард ва эҳтимолияти ворид шудани вирусро ба аҳолии инсон дар натиҷаи як ҳодисаи лабораторӣ баррасӣ кард"- гуфт Гебрейесус.
Вай таъкид кард, ки ин арзёбиро "ба қадри кофӣ васеъ" намешуморад. Барои ба даст овардани маълумоти дақиқ, мутахассисони ТУТ бояд тадқиқоти иловагӣ гузаронанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала