Ғанӣ аз Аҳмадшоҳ нагуфт, вале Раҳмон ба Масъуд ишора кард: "мо фаромӯш намекунем"

© Пресс-служба Президента РТОфициальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе
Официальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки роҳбарони вақти Афғонистон дар раванди сулҳ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кӯмаки бародарона карданд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ишора ба Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ки роҳбарони вақти Афғонистон дар сулҳи тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрванди кӯмаку хизмати бародарона карданд.
Ӯ дар ин бора  дар Конфронси 9-уми вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" дар Душанбе, ки зери унвони "Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд", ки мрӯз дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Масъуд гуфт, равед сулҳ кунед: сӯҳбати Ағбар аз Зуҳурову Раҳмон то Толибону Амрико
"Неъмати истиқлол ба мо гарон афтод. Раванди оштии миллӣ дар кишвари мо панҷ сол тӯл кашид. Ман ин ҷо аз хисороти ҷонӣ ва маънавию молии миллати азизам ҳарф намезанам. Танҳо ҳаминро таъкид мекунам, ки дар он рӯзҳои сахт пешвоёни онвақтаи мардуми афғон дар баробари дигар кишварҳои дӯст раванди сулҳи тоҷиконро дастгирӣ карда, ба мо кумаки холисона ва бародарона расониданд", - таъкид кард президенти Тоҷикистон.
"Мо инро ҳаргиз фаромӯш намекунем", - афзуд вай.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон низ агар аз дасташ омад, омода аст дар раванди сулҳи кишвари бародараш - Афғонистон кӯмак кунад.
Ёдрас мешавем, пеш Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон низ дар бораи фарҳангу арзишҳои муштараки тоҷикистониён ва афғонистониён гуфта буд.
Тоҷикистонро исломӣ кунем: Абдуллоҳ ҷузъиёти суҳбати Мулло Умар бо Аҳмадшоҳ Масъудро гуфт
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон ҳадс заданд, ки Ашраф Ғанӣ аз шахсиятҳое чун Аҳмадшоҳ Масъуд, сиёсатмадори тоҷиктабори маъруфи афғонистонӣ ва қаҳрамони миллии Афғонистон ёд накард. 
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки аз сӯи мухолифинаш ба миллатгароӣ ва таассуби қавмӣ муттаҳам мешавад, зимни суханронии худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон сухан кард. Вай гуфт, ифтихори онро дошт, ки зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки воқеан қобили бузургдошт аст, гул бигзорад.
"Чор дарбор – дарбори Тоҳириёни Ҳирот, Саффориёни Нимрӯзу Систон, Сомониёни Бухоро ва Ғазнавиёни Ғазна асоси тарзи диди ҷаҳонии моро ва тарзи тафаккури моро ба забони дарӣ, забони пуршарафи мо эҷод намуданд. Ҳазор сол пеш инҳо ҷиҳати имрӯзро таъйин карданд. Чанд забони дигарро суроғ доред, ки баъд аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам хонда метавонем ва аз пешаш лаззат гирифта метавонем?", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Дар идома ӯ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, поягузори адабиёти тоҷику форсро "ифтихороти муштараки мо" хонда афзуд, Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам набзи эҳсосоти моро дар тамоми дунёе, ки дариро хонда метавонанд, таъйин мекунад.
“Бӯи ҷӯи Мавлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Ҳамчунин ифтихороти муштараки мо – Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Амир Хусрав, Бедил, ҳамаи инҳо ситораҳои бузурге ҳастанд, ки як фарҳанги муштараки моро эҷод карданд”, - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир
Вай афзуд, ин нуктаро ба он хотир арз мекунад, ки ин афрод, вақте ҷаҳонӣ шудану тағйирот аст, дар айни ҳол бо тадовуми фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон иртиботи возеҳ дорад.
"Маънои ҳамкориҳои минтақаиву байнулмилалӣ фаромӯш кардани ҳуввиятҳои миллии мо нест. Ҳамчунин иртибототи фароминтақаии мо низ. Забони дарӣ як вақт то Банголаву Истанбул забони ҳоким буд ва мисли забони инглисии имрӯз як забони таърих, гуфтор ва навиштор буд", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала