Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидам

© AFP 2023 / Wakil KohsarЗаключенные талибы во время их освобождения из тюрьмы Баграм, Афганистан
Заключенные талибы во время их освобождения из тюрьмы Баграм, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз музокироти байниафғонӣ ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, ки қазияи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нигаронӣ аз шиддат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористию созмонҳои фаромилллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон, таъкид намуд, ки набояд мардуми ин кишварро бо мушкилоташон танҳо гузошт.
Официальная встреча президента Афганистана Ашрафа Гани в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир
Ӯ гуфт, таҷрибаи талхи идомаи ҷангу ҷидол тайи 40 солил охир нишон медиҳад, ки қазияи Афзонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.
“Мо калиди ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеъи воситаҳои дипломатию сиёсӣ ва чораандешиҳои муосир барои рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон медонем”, - гуфт Раҳмон.
Вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз мавқеи Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати ба роҳ мондани музокироти байниафғонӣ ба хотири таъмини амнияту субот истиқбол мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон муҳим хонд, ки дар ин музокирот бояд манфиатҳои тамоми мардуми кишвар ба назар гирифта шавад ва тақдири ояндаи Афғонистонро худи мардум муайян созад.
Ӯ афзуд, ки фарҷоми ҳар гуна ҷанг оштист ва таҷрибаи Тоҷикистонро мисол овард.
“Раванди оштии миллӣ дар мо 5 сол тӯл кашид. Танҳо 157 ҳазор кушта, 50 ҳазор кӯдак бе падару модар монд”, - зикр кард раисиҷумҳур.
Раҳмон гуфт, зиёда аз 6 ҳазор силоҳбадастони мухолифинро бахшиду ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон реинтегратсия кард. Ин бисёр сангин аст, аммо мо ба ин кор рафтем, изҳор дошт раисиҷумҳур.  
Министр иностранных дел Ирана Мохаммад Джавад Зариф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Зариф: Эрону Тоҷикистон барои поёни даргириҳо ва сулҳ дар Афғонистон талош хоҳанд кард
Ӯ аз хизмати мардуми Афғонистон дар он рӯзҳо гуфт, ки ҳазорон ҳазор шаҳрвандонро ҷои иқомат доданду нонашонро ду нима карданд.
Раисиҷумҳур инчунин аз хизмати роҳбарони онвақтаи Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ёд кард, ки барои сулҳи тоҷикон бисёр хизмати таърихӣ карданд.
Нахустин музокироти байни тоҷикон дар Кобул баргузор гардид, охирин ҳуҷҷати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ дар як деҳаи куҳистонӣ дар Афғонистон омода гардид, нуқта гузошта шуд ва баъдан дар Маскав ба имзо расид, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳар чӣ аз дасташон ояд барои сулҳи Афғонистон кумак хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0