Ҷанҷоли таксиронҳо: тафсилоти кордкашии муҳоҷирон дар Маскави нав

© © Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Дафтари матбуоти полиси Маскав ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскави навро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Далели ҷанҷоли муҳоҷирон, ки дар Маскави нав сар зад, хусумати шахсӣ буд, омадааст дар иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав.
Дар иттилои ниҳод тавзеҳ дода мешавад, ки задухӯрди байни як гурӯҳ тақрибан соатҳои 02:40 дар кӯчаи Адмирал Корнилов дар деҳаи Мосрентген сар зад.
История Таджикистана на карте Москвы: Посольство Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Ҳувияти ҳамлагар ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум шуд
Шумораи қурбониёну захмиёни ҳодиса аз иттилое ки пештар нашр шуда буд, фарқ мекунад: дар бораи ду нафаре хабар дода мешавад, ки яке дар бемористон бистарӣ шудааст ва дигаре ба ҳалокат расидааст.
"Кормандони полис муайян карданд, ки байни ронандагони таксӣ дар пайи хусумати шахсӣ ҷанҷол сар зад. Онҳо бо олотҳои гуногун, аз ҷумла силоҳи травматикӣ ба ҳамдигар ҷароҳат расониданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин ВКД тамоми шахсони гумонбар дар задухӯрди мусаллаҳонаро таҳти пайгард қарор додааст.
Пештар хабар дода шуд, ки дар паи ҳамлаи ашхоси номаълум се шаҳрванди Тоҷикистон захмӣ шуда, як тан ҷон бохт.
Гуфта мешуд, ба чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскави нав ҳамла карданд, ки дар натиҷа се муҳоҷир ҷароҳат бардоштаанд ва як нафари дигар кушта шуд.
Ҳамлаи мусаллаҳона дар Маскави нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон: яке кушта шуд
"Ду нафари онҳо аз тири таппонча ҷароҳатдор шудаанд. Мошине низ бо ҷасад дарёфт шуд, ки ӯ низ захми корд дошт", -  тавзеҳ дода буданд расонаҳои Русия.
Як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъктид дошт, ки эҳтимолан ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик ба муноқишаи шаби 27 март дар қаламрави бозори "Фуд Сити" дар шоҳроҳи Калужское рабт дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала