Кремл тафсилоти гуфтушуниди қарибулвуқӯъ бо Амрикоро гуфт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузаштан ба хазинаи аксПродолжается реконструкция Большого Каменного моста
Продолжается реконструкция Большого Каменного моста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Русияву Амрико суолҳои зиёдеро доранд, ки ниёз ба баррасӣ дорад: аммо Маскав он мавзӯъҳоеро номбар кардааст, ки баяд сареан бо Вашингтон ҳал карда шаванд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Русия бояд як қатор мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ кунад. Дар ин бора намояндаи Кремл Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо "Аргументы и Факты" гуфтааст.
Ба он нигоҳ накарда, ки дар муносиботи байни ду кишвар ихтилофи ҷиддӣ ҷой дорад, мақомоти кишварҳо дарк мекунанд, ки бояд дар мавзӯи ҷаҳонӣ, ки дар он чанд масъалаи тезутунд ҷой дорад, гуфтушунид кард.
Демонстранты в Бостоне, штат Массачусетс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Дар Амрико боз эътироз: ба хушунат алайҳи осиётаборҳо
"Албатта гуфтушунид бо амрикоиҳо дар доираи мавзӯъҳое, ки дар манфиати мост, барои мо муҳим аст", - таъкид кард Песков.
Ба гуфти вай, яке аз мавзӯъҳо барои баррасӣ байни Русия ва Амрико суботи стратегӣ ва назорати силоҳ хоҳад буд. Афзун бар ин, байни кишварҳо вазифаи муҳими ба эътидол овардани танишҳои минтақавӣ меистад. Дар навбати аввал онҳое, ки нақши Вашингтон "арзиши амалӣ" дорад.
"Ба ҳар ҳол бо амрикоиҳо бояд сӯҳбат кард, масъалан дар мавзӯи Нақшаи амали ҳамаҷонибаи муштарак оид ба Эрон", - қайд кард Песков. 
Вай афзуд, ки Русия ва ИМА бояд дигар вазъиятҳои ҷаҳониро низ баррасӣ кунанд. 
Гузориши солонаи Чин дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Амрико интишор шуд
Ахиран муносибат байни ду кишвар на танҳо бо далели таҳримҳои Амрико зидди лӯлаи "Маҷрои шимолӣ - 2"-и Русия зери таҳдид қарор гирифт, балки дар пайи шиорҳои таҳоҷумии роҳбари Амрико Ҷо Байден тезутунд шуд.
Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо яке аз телевизионҳои Амрико гуфта буд, ки Русия бояд гӯё барои он ки ба интихоботи президентии соли 2016 дахолат карда буд, посух гӯяд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала