Тоҷикистон дар ду моҳ 700 ҳазор тонна семент истеҳсол кард

© Sputnik / Валерий ТитиевскийПроизводство цемента на заводе, архивное фото
Производство цемента на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз истеҳсоли 700 ҳазор тонна семент дар кишвар дар ду моҳи аввали соли равон хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати рушди саноати Тоҷикистон,ин нишондод дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 135 ҳазор тонна бештар аст.
Цементный завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2020
Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя як миллион тонна семент содир кард
Ҳоло дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент дар тӯли 20 соли охир бо кумаки молӣ ва техникии ширкатҳои чинӣ сохта шудаанд.
Коршиносон тахмин мезананд, ки бозори дохилии Тоҷикистон ба 3 то 3,5 миллион тонна семент ниёз дорад, аммо дар соли 2020 ин кишвар 4,2 миллион тонна ин маҳсулоти сохтмониро тавлид кардааст, ки аз он 1,3 миллион тоннааш ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон содир шудааст.
Омор: семент тавозуни содироту воридотро ба нафъи Тоҷикистон тағйир дод
Дар робита ба афзоиши сохтмон дар Тоҷикистон, интизор меравад, ки истеҳсоли семент дар ин кишвар бештар шавад.
Гуфта мешавад, ки корхонаҳои Тоҷикистон солона 5 миллион тонна семент тавлид мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0