Чаро Амрико аз экспедитсияи арктикии Русия "Умка-2021" тарсид - видео

Нахустин бор дар торих се киштии зериобии атоми Русия дар як вақт ва дар ҷавори ҳам аз зери ях дар Арктика шино карданд.
Киштиҳо дар масофаи 300 метр аз ҳамдигар яхи ғафсеро шикастанд.
Манёврҳои омӯзишӣ дар доираи экспедитсияи муттаҳидаи Арктика Умка-2021 таҳти роҳбарии фармондеҳии асосии Флоти Русия анҷом дода шуданд. Экспедитсия аз 20 март кор мекунад.
Многофункциональный истребитель Су-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Ҳавопаймои ҷангии Русия Су-57 ҷаҳонро фатҳ кардааст: ин ҷанганда чӣ хусусият дорад?
Сарвари Русия Владимир Путин гуфт, ки он дар таърихи шӯравӣ ва муосири Русия шабоҳат надорад.
Илова бар ин киштиҳои зериобӣ, манёврҳоро ҷангандаҳои МиГ-31-и Русия анҷом додаанд. Онҳо аз болои минтақаи қутбӣ бо сӯзишвории мобайнӣ парвоз карда, аз нуқтаи ҷуғрофии Қутби Шимол гузаштанд.
"Маҷмааи омодагии ҷангӣ, таҳқиқоти илмӣ, ҳамаи ин фаъолиятҳо қобилият ва омодагии нерӯи дарёии Русияро барои амалиёт дар арзи шимолии шадид нишон доданд" - гуфт Путин.
Ҳодисаҳоро дар Иёлоти Муттаҳида бодиққат тамошо мекарданд.
Чин аз ҳама пеш ҷангандаҳои муосири Су-35-ро харид
Қаблан, нашри амрикоии The National Interest изҳор дошта буд, ки гӯё Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия дар Арктика "супер силоҳ" дорад.
Ба ақидаи ӯ, онҳо метавонанд бомбгузори B-2 Spirit ва ҷанганда F-35 Lightning II бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала