Делели депорти муҳоҷирон камтар мешавад: тарҳи ҷадид дар Русия

Мигранты в России  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Дар Русия мехоҳанд, аз депорти муҳоҷирони корие, ки ҳуқуқвайронкуниҳои ночиз кардаанд, ҷилавгирӣ намоянд. Интизор меравад, феҳрасти ҳуқуқвайронкуниҳо барои депорт бозбинӣ шаавад
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия ҳамроҳ бо масъулини бахши қонунгузорӣ ҳоло ба таҳияи санаде машғуланд, ки муҳоҷиронро аз депорт ҳифз мекунад, менависад "Парламентская Газета".
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Таҳиягарон мегӯянд, қобили қабул нест, ки хориҷиён фарзан бо сабаби убури роҳ дар чароғаки сурх аз оилаҳои худ ҷудо карда шаванд. Аз ин рӯ баррасии рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳое, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои онҳо метавонад аз Федератсияи Русия хориҷ карда мешаванд, муҳим аст.
Ба гуфтаи Виктор Водолатский, муовини аввали раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон, нусхаи якуми лоиҳа бояд моҳи апрели соли 2021 омода шавад. Пас аз он, вакилон гурӯҳи корӣ таъсис медиҳанд, то ин санадро бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ баррасӣ кунанд.
Вай қайд мекунад, ки бисёр хориҷиён солҳост, ки дар Русия зиндагӣ мекунанду дар ин ҷо кори доимӣ, оила ва фарзанд доранд.
Ӯ афзуд, имрӯзҳо якчанд ҷарима, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид намекунанд, метавонанд муҳоҷиронро солҳои дароз аз оилаҳояшон ҷудо кунанд. Ҳуҷҷати нав бояд вазъро тағйир диҳад.
"Агар муҳоҷир дар тӯли як сол ду ҷарима гирад, вайро аз Русия барои се сол ихроҷ мекунанд. Агар зиёда аз ду қонуншиканӣ бошад, ба муддати панҷ сол. Дар сурати ихроҷи такрорӣ, манъи вуруд ба Русия даҳ сол давом мекунад", - шарҳ дод коршинос.
Водолатский тавзеҳ дод, ки қонуншиканиҳои сабук аз ҳуҷҷати мавҷуда хориҷ карда мешаванд ва онҳое, ки воқеан хатари ҷамъиятӣ доранд, боқӣ хоҳанд монд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала