Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дили дардманд дар Осиёи Марказӣ: мушкилоти хотимаи ҷанг дар Афғонистон

© AP / Rahmat GulПолицейский в Афганистане, архивное фото
Полицейский в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Конфронси Душанбе дар масъалаи Афғонистон бисёр "табибон" -ро гирд овард, ки дар бораи зарурати муолиҷаи бемор аз муноқишаҳои шаҳрвандӣ ва вайронӣ ҳарф мезаданд. Бо вуҷуди ин, дорухатҳои табибон на танҳо гуногун, балки ҳатто хилофи ҳаманд
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Конфронси нӯҳуми вазирон "Қалби Осиё - Раванди Истанбул" аз 29 то 30 март дар шакли нимамаҷозӣ баргузор шуд. Ҳамоиши Душанбе нисбат ба конфронси 18 март оид ба Афғонистон дар Маскав кишварҳои иштирокдори бештар дошт.
Заключенные талибы во время их освобождения из тюрьмы Баграм, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидам
Агар дар пойтахти Русия, тавре ки Замир Кабулов, фиристодаи махсуси Русия дар Афғонистон ба хабарнигорон шарҳ додааст, кишварҳое, ки ба ҳама ҷонибҳои низои Афғонистон (Русия, ИМА, Чин, Покистон) таъсир доранд, ҷамъ омада буданд, пас дар Душанбе онҳое буданд, ки аллакай таҳти таъсири мустақими вазъи Афғонистон қарор доштанд ва омодаанд дар ҳалли он ширкат варзанд.
Мизбони конфронс, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд кард, "бӯҳрон дар Афғонистон як мушкили умумист". Ва на танҳо барои он ки аҳолии як қатор давлатҳои ҳамсоя (Тоҷикистон, Покистон ва ғайра) бо фарҳанг, эътиқод ва баъзан ҳатто забон ва хуни бо Афғонистон алоқаманданд.
Танҳо ёдрас мекунем, ки Афғонистон воқеан дар маркази (дили) Осиё ҷойгир аст, аз вазъи сиҳатии он кори дигар узвҳои бадани Осиё вобаста мебошад.
Иштирокчиёни ин ташаббус Русия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва инчунин як қатор бозигарони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошанд. Усули "табобати дил" ба таври умум равшан аст - хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва ташкили ҳукумати эътилофӣ бо иштироки Толибон*. Саволе ба миён омад, ки чӣ гуна онро дар амал татбиқ кардан мумкин аст?

Макони муқаддас

Бо хориҷ кардани нерӯҳои хориҷӣ ҳама чӣ содда нест. Ёдовар мешавем, ки тибқи банди созишнома бо Толибон, ки соли 2020 дар Доҳа баста шуда буд, Иёлоти Муттаҳида бояд то 1 май нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад. Вале, президенти ИМА Ҷо Байден изҳор медорад, ки дар ин муддат татбиқи ин кор "бо сабабҳои техникӣ" душвор хоҳад буд. Ҳамзамон, Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳоло ба шеваи  хеле норавшан мегӯяд, ки хуруҷ то 1 май сурат нахоҳад гирифт, дар ин бора бояд бо иттифоқчиёни НАТО ҳамоҳангӣ сурат гирад. Бо вуҷуди ин, ҳама ҳанӯз ин санаро нигоҳ доранд.
Полиция у ворот университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Кушта шудани Ат-Тоҷикӣ, аз фармондеҳони баландпояи “Ал –Қоида”*
Баъд чӣ мешавад? Ҳукумати нави Афғонистон чӣ гуна, дар кадом шароит ташкил ва фаъолият мекунад? Дар ин масъала аллакай байни кишварҳо ихтилофоти муайян мавҷуданд. Ҳамин тавр, вазири умури хориҷии Эрон, Муҳаммад Ҷавод Зариф қайд кард, ки ҳама гуна созишномаи сулҳ дар бораи Афғонистон бояд ҳуқуқи мардуми афғонро барои муайян кардани сарнавишти худ кафолат диҳад. Чунин ба назар мерасад, ки Ҳиндустон низ ба мавқеи шабеҳ пайравӣ мекунад.
Ба гуфтаи сафири ин кишвар дар Русия Венкатеш Варма, ҷумҳурӣ "ҳама талошҳо барои мусолиҳаи ҳар чӣ зудтар ва фарогирро таҳти роҳбарии афғонҳо, таҳти назорати афғонҳо ва бо иштироки афғонҳо" истиқбол ва дастгирӣ мекунад.
Аммо, дар асл, Эрон ва Ҳиндустон дар ин тезис мафҳумҳои мухталифро гузоштанд. Агар эрониҳо дар назар дошта бошанд, ки афғонҳо бояд бе "иштироки амрикоиҳо" сарнавишти худро муайян кунанд,  Деҳлии нав мехоҳад, ки сиёсати Афғонистон бо иштироки ҳадди аққали Покистон ё тамоман бидуни он сурат гирад.
Исломобод, ба фарқ аз амрикоиҳо, аз Афғонистон рафтанӣ нест – ин давлат мехоҳад, ки Афғонистонро ба пушти боэътимоди худ табдил диҳад, ки масалан, даъвоҳои ҳудудӣ ба Покистонро (дар масири ба истилоҳ "хатти Дуранд", сарҳади байни Афғонистон ва Ҳиндустони Бритониё, ки дар асри 19 муайян шудааст) пешниҳод накунад.
Барои ин, ба покистониҳо лозим аст, ки таъсири Ҳиндустонро ба корҳои дохилии Афғонистон камтар кунанд. Ҳиндустон, ки ба гуфтаи Венкатеш Варма 3 миллиард доллар барои тарҳҳои мухталиф дар Афғонистон ҷудо кардааст, аз он ҷо рафтанӣ нест.

Муросо ва ҷавонмардӣ

Мулоқот дар Душанбе ба яке аз майдончаҳо табдил ёфт, ки дар он ҳамаи ин ихтилофҳо баррасӣ мешаванд ва дар он ҷо роҳҳал ҷуста мешавад. Барои ҳама аён аст, ки агар он пайдо нашавад, қудратҳои бузург минбаъд низ Афғонистонро дар муноқишаҳои дуҷонибаи худ истифода хоҳанд бурд. Яъне, алайҳи Эрон, Покистон, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ (ва ғайримустақим тавассути онҳо, бар зидди Русия). Қобилияти Иёлоти Муттаҳида оид ба тағйир додани қоидаҳои бозӣ ва баргаштан аз ӯҳдадориҳои бар дӯш гирифтаро кам набояд дид. 
Глава МИД Афганистана Ханиф Атмар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Суҳбати вазири Афғонистон: аз ҷангу сулҳ бо Толибон* то хуруҷи хориҷиҳо ва рафтани Ғанӣ
Аммо дар зимн, фаромӯш набояд кард, ки дар баробари созиши сиёсӣ бо ҳамдигар, давлатҳои ҳамсояи Афғонистон бояд ҳамдигарфаҳмии иқтисодиро низ пайдо кунанд - яъне на танҳо сармоягузорӣ, балки баъзан, дар асоси ройгон, аҳолии афғонро ғизо бояд доду иқтисодро барқарор кард.  Ҳамон тавре, ки масалан, Маскав анҷом медиҳад.
"Русия ба Афғонистон кумаки мақсадноки башардӯстона расонд. Дар моҳҳои ноябр-декабри соли 2020 беш аз 300 тонна ғизо фиристода шуд. Мо ин кӯмакро идома хоҳем дод", -  гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия.
Бо кумак ба мардуми Афғонистон дар мубориза бо камбизоатӣ, тарзи ташкили зиндагии осоиштаи аҳолӣ (дар даҳсолаҳои охир, танҳо ба ҷанг одат карда буданд) ва дар ниҳоят, сохтани мактабҳо барои ҷавонони маҳаллӣ, кишварҳои ҳамсоя ба амнияти худ саҳмгузорӣ мекунанд. Дар ниҳояти кор, ба ҷои он, ки садҳо миллион доллар барои муҳофизат аз таҳдидҳои насли нави ифротиҳо дар Афғонистон харҷ шаванд, беҳтар аст, ки чанд миллион долларро ба корҳои хайр аз қабили фароҳам кардани ҷойҳои корию мактабҳо сарф гарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала