Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Холов бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ мактаб сохту сипоснома гирифт

© Администрация ХатлонаНовая школа в районе Дусти
Новая школа в районе Дусти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Бекмурод Холов, роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ дар ноҳия бинои мактаби нав сохтааст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, Холов мактабро дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати Ҷиликӯл бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ сохтааст.
Дар мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Дар 30 мактаби Хатлон хонандагон дар се баст мехонанд
Маросими ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Ҷумъагелдӣ Ҷумъақулов бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
“Ин мактаб дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Бекмурод Холов - роҳбари хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи 800 000 сомонӣ бунёд гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сохтмони муассисаи таълимии мазкур дар муддати 8 моҳ ба сифати баланд ба анҷом расонида шудаст.
Зикр шудааст, ки ҳолати бинои пештараи муассиса садамавӣ буда, зиёда аз 10 сол хонандагони муассиса ба мактаби №7, ки дар масофаи ду километр дуртар қарор дорад, роҳро пиёда тай намуда, таҳсилро давом медоданд, илова намуд котиботи ҳукумати Хатлон.  
Дар муассисаи мазкур барои 260 хонанда дар як баст шароити таҳсил фароҳам оварда шуда, аз ҷониби маъмурияти хоҷагӣ ба 10 синфхона, утоқи кории директори мактаб ва хонаи омӯзгорон 260 курсӣ барои нишаст, 110 миз, 12 тахтаи синфӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ тақдим када шуд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иқдоми мактабсозии соҳибкори ватандӯстро шоистаи таҳсин хонда, сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намудаст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала