Пешгӯии ҳавошиносони тоҷик барои имрӯз

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевМолодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар бархе аз навоҳӣ туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанди бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона 10-12 дараҷа хунук мешавад, хабар додааст "Ховар" аз қавли Ожонс.
Пастух со стадом на пастбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Дар Ваҳдат чӯпони 26 - сола ҷон бохт: КҲФ мегӯяд ҳоло вақти чаронидани чорво нест
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунк  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар баъзе ноҳияиҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук ва 1 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  2+4 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0