Русия гуфт, низоми муҳоҷиратро соддаю осон мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксНачальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-майор полиции Валентина Казакова
Начальник Главного управления по вопросам миграции МВД России генерал-майор полиции Валентина Казакова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Ба зудӣ дар Русия тарҳи қонуне таҳия хоҳад шуд, ки ба соддаю осон кардани кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар равона шудааст
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Генерал-майор Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ба қарибӣ дар кишвар тарҳи қонуни нав барои содда кардани зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ омода мешавад.
 Президент РФ Владимир Путин во время встречи на Соборной площади с детьми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Путин: кӯдакони муҳоҷиронро бояд ҳанӯз дар мактаб ба муҳит мутобиқ кард
Казакова дар ҷаласаи Шӯрои равобити байни миллатҳои назди раисиҷумҳури Русия аз иқдоме гуфт, ки ба ислоҳоти қонунгузории муҳоҷират дар Русия равона гардидаанд. 
"Якҷоя бо мақомоти дахлдори иҷроия, мо аллакай лоиҳаи қонуни нави федералиро омода кардем", -  гуфт генерал-майор.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар лоиҳа баробари ислоҳоти низомҳои мухталиф барои шаҳрвандони хориҷӣ, имкони дароз кардани мӯҳлати будубош, аз ҷумла барои фарзандони муҳоҷиронро пешбинӣ шудааст.
"Мо лоиҳаи ин қонуни федеролиро пешниҳод мекунем (ба ҳукумат - идора), эҳтимолан дар охири соли равон", - илова кард мақомдори ВУД.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Валентина Казакова борҳо дар бораи ҷузъиёти нақшаҳои Вазорати умури дохилӣ дар самти содда кардани қонунгузории муҳоҷират дар Русия сӯҳбат карда буд.
Аз ҷумла дар доираи ин ислоҳот дар назар аст, ки низомҳои муҳоҷират тақсим карда шаванд, бархе расмиёт барои қабули муҳоҷир ба кор лағв гарданд ва инчунин санади "РВП" - иҷозатномаи иқомати муваққатӣ умуман аз байн бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала