Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Садамаи маргбор дар даромадгоҳи нақби “Истиқлол”: ҳамдардии IRS – акс

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТоннель Истиклол, архивное фото
Тоннель Истиклол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Ширкати роҳбони IRS аз садамаи маргбор дар масири Душанбе – Чаноқ хабар дод, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст
ДУШАНБЕ, 31 март - Sputnik. Чанд лаҳза пеш дар километри 78 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ ронандаи автомобили боркаш, аз уҳдаи идораи он набаромада, ба даромадгоҳи нақби “Истиқлол” бархӯрд, хабар додааст IRS.
Манбаъ афзуд, мутаассифона, бар асари садамаи мазкур мусофири воситаи нақлиёт, баъд аз интиқол ба беморхона ҷон додааст.
Ширкат илова намудааст, кормандони роҳ аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама ба макони ҳодиса сафарбар шуда, ба осебдидагон кумак расониданд.
IRS ба пайвандони шахси фавтида ҳамдардардии амиқ баён намуда, аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала