Зокирова беҳтарин кадбонуи Хуҷанд эълон шуд

Праздник дыни в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Мақомоти шаҳри Хуҷанд Шаҳноза Зокироваро беҳтарин кадбонуи маркази вилояти Суғд эълон карданд
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Дар чойхонаи "Сирдарё"-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни "Кадбонуи  беҳтарин" бо иштироки кадбонуҳо аз 16 маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид, хабар дод котиботи раиси вилояти Суғд.
Подведены итоги городского тура конкурса «Лучший ресторан Душанбе» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Ҳукумат беҳтарин тарабхонаи Душанберо эълон кард
Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ доир шуд.
Котиботи раиси вилояти Суғд афзуд, бо баҳогузории аъзои ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, ҷойи аввалро кадбону аз маҳаллаи "Тути калон" Шаҳноза Зокирова ишғол кард.
"Ҷойи дуюмро кадбону аз маҳаллаи "Сари баландӣ" Муборак Эргашова  ва ҷойи сеюмро кадбону аз маҳаллаи "Содирхон Ҳофиз" Бароат Ӯрунова соҳиб гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид кард, ки ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба иштирокчиёни озмун сипосномаҳо супорида шуд.
Котиботи раиси Суғд илова намуд, ки даври вилоятии озмуни мазкур 31 март баргузор хоҳад, ки дар он ғолибони даври аввал ширкат меварзанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала