Билет нест, навбат ҳаст: таҷаммӯи хоҳишмандони сафар ба Русия дар назди дӯкони билетфурӯшӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевОчередь в салоне сотовой связи в Душанбе
Очередь в салоне сотовой связи в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Хоҳишмандони сафар ба Маскав пеш аз эълони фурӯши чипта навбат гирифтаву интизоранд, ки кай билетҳо ба фурӯш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Душанбе дар назди дӯкони чиптафурӯшии "Агентии алоқаи ҳавоӣ" дар наздикии собиқ бозори Шоҳмансур сокинони шаҳр барои харидории чипта ҷамъ омадаву навбат гирифтаанд. 
Дар ҳамин ҳол, фурӯши чиптаҳои парвоз феълан оғоз нашудааст, аммо одамон аллакай навбат гирифтаанд.
TELEGRAMMMM "{$url}"
Ёдрас мешавем, нахустин парвоз дар самти Маскав-Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкати "Ютэйр" шаби 2 апрел ба 3 апрел анҷом дода мешавад.  
Дар сомонаи ширкати русӣ метавон онлайн чипта харид. Аммо интихоби санаи парвоз хело маҳдуд аст, арзиши он бошад, аз нархи эълоншуда чанд маротиба болотар аст. 
Харидории билет дар сомонаи "Сомон Эйр" феълан дастнорас аст. 
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
Пештар ширкатҳои ҳавоии Русия ва Тоҷикистон қарор доданд, ки парвозҳои муқаррариро барқарор кунанд, ки аз охирҳои моҳи марти соли 2020 бо далели пандемия баста буд.
Ҳамчунин мақомот гуфтанд, ки арзиши билет бояд ба ҳарду тараф аз 500 доллар бештар набошад.
Лентаи хабарҳо
0