Раҳмон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард ва ду додрасро барканор намуд

© акс аз котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаҷлиси ҳукумати Тоҷикистон
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард ва се мақомдорро аз вазифа барканор намуд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Маҷлиси Ҳукумат асосан се масъала, масоили энергетикӣ, лоиҳаи чанд қонун ва Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар мавриди масъалаи энергетикӣ раисҷумҳур дастур дод, ки омодагӣ ба зимистони соли 2021-2022 аз ҳоло оғоз шавад ва захираҳои кофии маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт муҳайё гардида, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Раҳмон Самариддин Ализодаро, ки як навораш боиси хандаи корбарон шуд, барканор кард
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва ғайраро  муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Ҳамчунин имрӯз як қарор ва як фармони президент имзо шуд, ки дар пайи он се нафар аз мақом барканор шуданд.
Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ монд
Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таҳти рақами 146 Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуд.
Тибқи ҳамин фармон Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд. Далели барканории Раҳматзода дар фармон зикр намешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар, муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода низ барканор шуд.
 
Лентаи хабарҳо
0