Раҳмон Самариддин Ализодаро, ки як навораш боиси хандаи корбарон шуд, барканор кард

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон муовини вазири тандурустиро аз мақом барканор кард. Далели сабукдӯш шуданаш дар қарори президент гуфта намешавад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистонро аз мақом барканор кард.
Дар ин бора қарори вижаи раиси Ҳукумат аз 31 март таҳти рақами 96 ба имзо расидааст.
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Ализода Самариддин аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад", - омадааст дар санади вижа.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш як навор аз рафти нишасти матбуотии вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди ваксина расонаӣ гашта буд, ки дар он Ализода ширкат дошт.
Канали “Тамошо” рӯзе баъд аз нишасти матбуотӣ як пораи дигар аз оғози ин нишасти хабариро нашр кард, ки мавҷи вокунишҳои пур аз истеҳзо ва хашму ғазабро ба бор овард.
Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
Корбарон аз ин нороҳат шуданд, ки як мансабдори баландпояи Тоҷикистон, ки дар мақоми муовини вазир кор мекунад, дуруст ҳарф зада наметавонад, исми ҳамсуҳбатонашро ҳатто такрор карда наметавонад ва Кореяи ҷанубиро аз Кореяи шимолӣ фарқ намекунад.
Самариддин Ализода, вақте нишасти хабариро шурӯъ мекард, аввал худашро муаррифӣ кард, вале дар муаррифии ду ҳамроҳи худ дучори мушкил шуд: “Аз дасти чап нишастагӣ, ин кас намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор … (баъди фосилаи тӯлонӣ) Олшанский, а? Туғрӣ гуфтам? Аз дасти рост намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон … номашро фаромӯш кардам… (ва ба як нафар муроҷиат мекунад) Баланд бигӯ худат номашро."
Расман: вазири тандурустӣ ва муовинони ӯ бо AstraZeneca эм шуданд
Самариддин Ализода дар идомаи нишаст ба мавзӯи ваксинаи “Астра Зенека” пардохта, мегӯяд, ки ин ваксина дар Инглистон сохта шуда, дар Белгия, Ҳиндустон ва … Кореяи шимолӣ истеҳсол мешавад. Инҷо ба ӯ касе луқма мепартояд, ки Кореяи шимолӣ не, балки Кореяи ҷанубӣ.
“Эъ, Южная Корея. Хайр, Корея – да, Южний, Северний, э ғам додӣ-да”, – худро ислоҳ мекунад ин мансабдор.
Ализода ҳамагӣ нӯҳ моҳ пеш ва дар авҷи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба ин мақом таъин шуда буд. Ӯ 55-сола аст ва доктори илмҳои тиб. Дар гузашта дар мансабҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ- профилактикии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 1999 аълочии Вазорати тандурустӣ ва соли 2013 корманди шоистаи Тоҷикистон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0