Мулоқоти Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Покистон

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Покистон Маҳмуд Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мулоқоти ҷонибҳо имрӯз, 31 апрел дар ҳошияи  Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Встреча с Министром иностранных дел Республики Индия Субрахманиямом Джайшанкаром с Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳиндустон барои интиқоли 192 ҳазор воя ваксина изҳори қаноатмандӣ кард
Ҷонибҳо ёдовар шуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон то ба имрӯз бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расидааст.
Барои густариши бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки фаъолияти мунтазами Шӯрои муштараки соҳибкорон ва гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор низ метавонанд муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории амниятӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарики табиӣ мебошанд.
Ҳимояти Раҳмон аз музокироти байниафғонию ёдаш аз таҷриба: 6 ҳазор силоҳбадастро бахшидам
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои татбиқи лоиҳаи “CASA-1000”, зарурати интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ва дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0