Маълум шуд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба як қатор шаҳру ноҳияи вилояти Суғд, аз ҷумла ба шаҳри Исфара меравад ва ба ҷамоати деҳоти Ворух ташриф меоварад
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи сафари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кушодани як қатор иншоотҳо ва мулоқот бо мардум аст.
“Дар рафти сафар президент аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истравшан, Исфара, Хуҷанд ва Гулистон дидан хоҳад кард”, - гуфт ин манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, зимни сафар ба шаҳри Исфара ба ҷамоати деҳоти Ворух низ сафари корӣ анҷом медиҳад.
"Дар Ворух ифтитоҳи як силсила иншоотҳои фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла Парчам, Қасри фарҳанг, мактаб, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои интенсивӣ ва хатҳои оби нушокӣ барои 9 ҳазор нафар дар маҳаллҳои Тоҷикон ва Сангтуда дар назар аст", - гуфт дафтари матбуоти президент.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Хамрохон Зарифи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ
Ёдрас мешавем, пештар як изҳороти раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар бораи мубодилаи Ворух бо Қирғизистон боиси вокуниши шадиди тоҷикистониён гардид.
"Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - изҳор дошт ӯ.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарон флешмоб ташкил кардаву менависанд, "Ворух аз мост ва ба касе намедиҳем".
Дар посух ба ӯ Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як матлаб дар сафҳаи фейсбукиаш ҳарфҳои Тошиевро сафсата хонда, гуфтааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.
“Бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд”, - навиштааст Зарифӣ.
Вай гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.
“Набояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, - изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки  сафари президент ба изҳороти ҷониби Қирғизистон иртиботе надорад ва он дар чорчӯбаи нақшаи сафару боздидҳои раисҷумҳури кишвар аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аст.
Ӯ таъкид кард, ки Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт. 
"Сафаре, ки президент дар соли 2019 ба Ворух анҷом дод, аллакай маънои онро дошт, ки Ворух соҳиб дорад ва ин боздид дар пасманзири изҳоротҳои ахир дар мавриди Ворух нест", - таъкид кард вай.
Охирон сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аввалҳои соли 2021, моҳи феврал сурат гирифта буд.
Талоши оромии марз: раиси нави Исфара гуфт як рӯзи ҳафтаи корияшро дар Ворух мегузаронад
Президент дар ҳошияи ин сафар аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Гулистон дидан карда буд.
Лентаи хабарҳо
0