Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевКПП "Равот" на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Чаҳор рӯзи ахир дар Ҷиззах вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Се моҳ мӯҳлат: масъалаи тақсимоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ниҳоӣ мешавад
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст, 26-31 март дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ намуданд.
"Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд", - афзудааст дафтари матбуоти вазорат.
Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар натиҷаи он Протокол ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала