Аз масоили Афғонистон то терроризму экстремизм: мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Пак Бён Сок

© Маджлиси Милли Маджлиси Оли РТПредседатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали встретился с Председателем Маджлиси милли (Парламента) Республики Корея Пак Бюнг Соком
Председатель Маджлиси Милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель Душанбе Рустам Эмомали встретился с Председателем Маджлиси милли (Парламента) Республики Корея Пак Бюнг Соком - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ масоили сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонистон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза бар терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии (Парламенти) Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок, ки дирӯз бо сафари расмӣ  ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот кард, иттилоъ додааст Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Муҳоҷират ва парвозҳои мустақим: мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пак Бён Сок
Гуфта шудааст, ки дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ, инчунин сатҳи нави робитаҳои байнипарламентӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди ҳамкории дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиати миллии ҷонибҳо буда, дар марҳилаи кунунӣ фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.
“Рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши батадриҷи ҳаҷми гардиши мол, ҳавасмандии ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи тиҷорати муштарак бо истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ва васеъгардонии сохтори молии воридотиву содиротӣ, изҳор карда шуд”, қайд кардааст манбаъ.
Инчунин, дар ин мулоқот дар ин робита, ба масъалаи тақвияти фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи хоса нигаронида шуд.
Встреча главы МИД РТ с министром иностранных дел Южной Кореи Канг Кюнг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2020
Аз ҳамакории тиҷоратӣ то мубориза бо COVID-19: мақомоти Корея ба Тоҷикистон чӣ ваъда дод?
Зикр шудааст, ки бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои аграрӣ, саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика, инчунин фазои мусоиди сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар,ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои кореягӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин зимни мулоқот вазъи ҳамкорӣ ва робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои фарҳангиву башардӯстӣ ва илмиву техникӣ, аз ҷумла масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Корея, ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOЙКA) дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди муносибатҳои дуҷониба, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва таҳкими вазъи устувори минтақа, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонистон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои фаромиллиро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала