Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия

© REUTERS / Patrick SemanskyДжо Байден выступает с речью во время своей инаугурации
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
27 созмон ва ниҳоди амрикоӣ аз раисҷумҳурии Амрико дархост карданд то аз ташдиди таниш бо Русия худдорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ин 27 созмону ниҳоди амрикоӣ бо судури баёнияе зимни дархост аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои худдорӣ аз изҳороти тавҳиномез алайҳи Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия, эълом карданд, ки аз изҳороти танишҳо байни раисони ҷумҳурии ду кишвар нигарон ҳастанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Байден Путинро ба музокирот даъват кард
"Дар ҳоле ки аксари созмонҳои миллие, ки ҷонибдори дипломатия, назорати силоҳ, халъи силоҳ ва сулҳ мебошанд, мубодилаи афкори ахири раисҷумҳурони ду кишвар, ки беш аз 90 дарсади кулоҳакҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, сахт ба ташвиш овардааст", - омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.
Созмонҳо аз Байден даъват карданд, ки аз ширкат дар "мубоҳисаҳои беандешона" даст кашад ва музокиротро бо Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ идома диҳад, зеро хатари сабқати ҳастаӣ бештар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки пештар Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико дар як мусоҳибаи тафсилӣ бо шабакаи Эй Би Си Нюс, зимни "қотил" хитоб кардани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия муддаӣ шуд, ки ӯ барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.
Раисҷумҳурии Русия дар вокуниш ба иддаҳои раисҷумҳури Амрико ба Ҷо Байден саломатӣ орзӯ намуд ва гуфт, қотил касе аст, ки дигаронро қотил мехонад.
Танишҳо дар равобити Русия ва Амрико аз солҳо пеш ба далел чанд парванда, аз ҷумла таҳаввулоти Украина ва иддаоҳои дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шиддат гирифта ва Вашингтон чандин бор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала