https://sputnik-tj.com/20210401/Khudrav-sukhangu-Putin-sadama-video-1033116936.html
Худрави сухангӯи Путин дучори садама шуд – видео
Худрави сухангӯи Путин дучори садама шуд – видео
Худрави сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав дучори садама шуд 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T20:30+0500
2021-04-01T20:30+0500
2021-04-01T19:25+0500
сухангӯ
садама
мошин
худрав
дмитрий песков
дар русия
ҳамаи хабарҳо
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_ce4372ba5e37e623baa562f5b6869f1d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав бо иштироки худрави Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин садама рух дод.Маълум шудааст, ки худрави тамғаи Genesis, ки ба Дмитрий Песков таалуқ дорад, бо такси бархӯрдааст.Дар натиҷаи ин садама, мошини Песков каме осеб дидааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, мошини сухангӯи Крмеро ронандае,идора мекард, ки тоза ба кор қабул шуда буд.Вай аз таъмиргоҳи мошинҳо баромада, сигнали махсусро рушан карда аз хиёбони Волгоградский ба сӯи марказ ҳаракат мекард.Тавре маълум шуд, ҳангоми садама худи Песков дар дохили мошинаш набудааст. Ӯ ин маълумотро шахсан ба хабаргузории РБК таъйид кард."Мошин ба садама дучор шуд, ҳама саломатанд, ман дар дохили он набудам" - гуфт Песков.Як манбаъ аз ВКД-и шаҳри Маскав ба рӯзноманигорон, хабар додааст, ки ҷои ҳодисаро аллакай кормандони БДА аз гурӯҳи таҳлилӣ зери назорат гирифтаанд. Онҳо сабаби рух додани ин садамаро таҳқиқ доранд.Бояд гуфт, ки худрави Genesis дар Муассисаи федералии давлатӣ "Комбинати нақлиётии Русия” сабти ном шудааст.Мушовири Раёсати дастгоҳи раисҷумҳури Русия, Елена Крылова гуфт, ки онҳо маълумот дар бораи мусофирони мошинҳои корхонаҳои "Комбинати нақлиётии Русия” маълумот намедиҳанд.
https://sputnik-tj.com/20210325/Du-zanro-pakhsh-bozdosht-donishju-tojik-Maskav-bozpursi--1033067985.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/11/1032472256_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_48e73f1942f71d0785aa727f546b2069.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
сухангӯ, садама, мошин, худрав, дмитрий песков, дар русия, ҳамаи хабарҳо
Худрави сухангӯи Путин дучори садама шуд – видео
Худрави сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав дучори садама шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав бо иштироки худрави Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин садама рух дод.
Маълум шудааст, ки худрави тамғаи Genesis, ки ба Дмитрий Песков таалуқ дорад, бо такси бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама, мошини Песков каме осеб дидааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, мошини сухангӯи Крмеро ронандае,идора мекард, ки тоза ба кор қабул шуда буд.
Вай аз таъмиргоҳи мошинҳо баромада, сигнали махсусро рушан карда аз хиёбони Волгоградский ба сӯи марказ ҳаракат мекард.
Тавре маълум шуд, ҳангоми садама худи Песков дар дохили мошинаш набудааст. Ӯ ин маълумотро шахсан ба хабаргузории РБК таъйид кард.
"Мошин ба садама дучор шуд, ҳама саломатанд, ман дар дохили он набудам" - гуфт Песков.
Як манбаъ аз ВКД-и шаҳри Маскав ба рӯзноманигорон, хабар додааст, ки ҷои ҳодисаро аллакай кормандони БДА аз гурӯҳи таҳлилӣ зери назорат гирифтаанд. Онҳо сабаби рух додани ин садамаро таҳқиқ доранд.
Бояд гуфт, ки худрави Genesis дар Муассисаи федералии давлатӣ "Комбинати нақлиётии Русия” сабти ном шудааст.
Мушовири Раёсати дастгоҳи раисҷумҳури Русия, Елена Крылова гуфт, ки онҳо маълумот дар бораи мусофирони мошинҳои корхонаҳои "Комбинати нақлиётии Русия” маълумот намедиҳанд.