Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Кремл дар бораи суруди Манижа гуфт: онро тамошобинон интихоб кардаанд

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Кремл суруди "Russian Woman" -ро шарҳ дод, ки Манижа бо он ба Евровидение - 2021 меравад
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков дар бораи иштироки сарояндаи тоҷик Манижа, ки дар озмуни Евровидение - 2021 Русияро намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Интиқоди Матвиенко аз Манижа: пурсед, ки чигуна интихоб шуд
Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, Евровидение озмуни шоу-бизнес аст, ки дар он номзадҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд. Песков ҳунарнамоии сарояндагони мухталифро дар озмуни суруд ба ёд овард.
"Дар он ҷо занони ришдор, овозхонҳое, ки дар тан пироҳанҳо мурғмонанд доранд ва монанди инҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Мо инро ташвиш ва мавзӯи таваҷҷӯҳи худ намешуморем", - гуфт ӯ.
Кремл илова кард, ки Манижаро тамошобинон бо истифодаи овоздиҳии онлайн дар доираи овоздиҳиӣ миллии Евровидение- 2021 интихоб кардаанд.
"Мо дахолат кардан ва шарҳ доданро зарур намешуморем", - гуфт дар хотима ӯ.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение - 2021 рӯзҳои 18-22 май дар Роттердами Ҳолланд баргузор мешавад. Ҳунармандони 41 кишвар сурудҳои худро пешкаш мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки суруди Манижа барои Евровидение - 2021 дар доираи интихоби миллӣ дар Шабакаи аввал пешниҳод карда шуд.
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 шаш миллион бинанда гирифт
Суруди Russian Womanа вокуниши васеи мардумро ба бор овард. Ҳатто муроҷиатҳое ба Кумитаи тафтишотии Русия оид ба баррасии таронаи сароянда низ буд, ки номуваффақ анҷомид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала