Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Рамазон Қодиров метавонад ҷоизаи Нобел гирад

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ шуд: барои кадом корнамоиҳо ӯ метавонад бо чунин ҷоиза сарфароз шавад?
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Яке аз ҷоизаҳои асосии байналмилалӣ - ҷоизаи сулҳи Нобел метавонад насиби сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров шавад.
Ҷоизаи Нобел: Чаро Эмомалӣ Раҳмон арзанда аст?
Дар ин бора президенти Маркази байналмилалии иттилоотии Нобел Вячеслав Тютюнник хабар додааст.
Вай мушаххас накард, ки муаллифи чунин ташаббус кист, аммо қайд кард, ки ариза метавонист аз намояндагони Норвегия бошад.
Ғайр аз он, маълум шуд, ки Қодиров барои кадом корнамоии худ метавонад ҷоизаи Нобелро гирад.
На Путину на Трамп: барномаи Ҷаҳонии Ғизо барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд
Ба гуфтаи Тютюнник, ташаббускорон қобилияти сарвари Чеченистонро барои ба эътидол овардани вазъ ва ҳифзи сулҳ дар минтақаи душвор қайд карданд.
"Барои саҳми барҷаста дар барқарор ва сулҳи боэътимод дар минтақаи таърихан душвори Чеченистон пешбарӣ шудааст", - омадааст дар ариза.
Тибқи оинномаи Бунёди Нобел, чанд категорияи шаҳрвандон метавонанд ба ҷоиза пешбарӣ карда шаванд.
Ба ин сиёсатмадорон, шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ректорони донишгоҳҳо, судяҳо, профессорон, ки дар соҳаҳои гуногуни илм кор мекунанд ва дигарон имкони пешбарӣ шуданро доранд.
Онҳое, ки аллакай бо мукофот сарфароз шудаанд, инчунин метавонанд номзад ба ҷоиза шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Русия Владимир Путин, сарвари собиқи Кохи Сафед Доналд Трамп, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, президенти ИМА Ҷо Байден ва ҳаракати Black Lives Matter ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала