Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Шабакаи аввал шаффофияти пирӯзии Манижаро барои Евровидение - 2021 тасдиқ мекунад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкЗдание телевизионного технического центра "Останкино" с баннером "Первого канала"
Здание телевизионного технического центра Останкино с баннером Первого канала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Шабакаи аввали телевизиони Русия пас аз интиқоди раиси Шӯрои Федератсия Валинтина Матвиенко аз суруди Манижа Сангин ва тарзи интихоб, маълумоти заруриро пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Шабакаи аввал омода аст ба Шӯрои Федератсияи Русия маълумоти мукаммал дар бораи овоздиҳӣ дар интихоби озмуни байналмилалии Евровидение - 2021 -ро пешниҳод кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти шабакаи телевизионӣ.
Шабакаи аввал қайд мекунад, ки тартиби овоздиҳиро яке аз бузургтарин ширкатҳои аудиторӣ ва машваратии ҷаҳон, Ernst & Young мушоҳида кард.
"Суруд барои Евровидение аз ҷониби овоздиҳандагон интихоб карда шуд. Ernst & Young раванди овоздиҳиро назорат кард, ки мувофиқати раванди овоздиҳӣ ва ҳисобкунии овозҳоро бо қоидаҳои интихоб тасдиқ кард", - қайд кард канал.
Қаблан раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко аз матни суруди Манижа, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, изҳори тааҷҷуб карда буд.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Ҳангоми суханронӣ дар назди вакилон, ӯ аз Шабакаи аввал хоҳиш кард, дар бораи он, ки тартиби интихоби сароянда аз Русия барои як озмуни мӯътабар чӣ гуна ҷараён гирифт, маълумоти пурра пешниҳод кунад.
Бояд гуфт, ки 65-умин Озмуни байналмилалии Евровидение 2021, ки соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуд, аз 18 то 22 май дар Ahoy Arena дар Роттердам бо ширкати сарояндагони 41 кишвар баргузор мешавад.
Дар натиҷаи интихоби миллӣ ва овоздиҳии тамошобинон, ки рӯзи 8 март дар Шабакаи аввал баргузор шуд, овозхони тоҷики муқими Русия Манижа, ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение 2021 интихоб шуд.
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 шаш миллион бинанда гирифт
Вай бо суруди Russian Woman ба ин озмун хоҳад рафт.
Лентаи хабарҳо
0