Тағйирот дар Лигаи футзали Тоҷикистон: Фурқат Аҳмадҷонов ба ҷойи Комрон Шодиев интихоб шуд

© Пресс-служба ФФТНовый директор Футзальной лиги страны Фуркат Ахмеджанов
Новый директор Футзальной лиги страны Фуркат Ахмеджанов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Дар сохтори Лигаи футзали Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омадааст. Фурқат Аҳмадҷонов раҳбари нави Лига интихоб шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар таъйиди ин хабар худи Фурқат Аҳмадҷонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, интихоби ӯ ба ин мақом ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Бошгоҳи "Истиқлол" сармураббии тими нави футзалашро таъйин кард
Номбурда гуфт, ҳоло барои бозингарони серия Про иҷозат нест дар мусобиқаҳои ғайрикасбӣ (любительский) бозӣ кунанд, мо мехоҳем, ки инро иваз кунем.
Ӯ гуфт, ҳафтаи оянда дар нақша доранд, ки ба роҳбарияти Истарашван, Хуҷанд ва Регар вохӯрӣ доир кунанд, то тимхояшонро дастгирӣ намоянд.
Номбурда гуфт, барои роҳандозии бозиҳои байналмилалии рафиқона нақшаҳо доранд, аммо вазифаи аввалинашон ба низом даровардани Лигаи Миллӣ ва дарёфти тимҳои нав мебошад.
Ёдовар мешавем, Фурқат Аҳмадҷонов дар ин мақом Комрон Шодиевро иваз кард.
Гуфта мешавад, Фурқат Аҳмадҷонов аз соли 2015 дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекунад.
Қаблан ӯ ба ҳайси муовини директори техникӣ ва мудири шӯъбаи футболи занонаи ФФТ кор кардааст, афзудааст манбаъ.
Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 3 тими футзал - "Соро", "Сипар" ва "Истиқлоқ" мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала