Аз болоравии доллар то коҳиши евро: қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Дар бозори дохилии асъори Тоҷикистон поинравии қурби пули миллӣ нисбат ба доллар ба назар расида, аммо устувориро дар баробари рублу евро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон қурби расмии доллар нисбати сомонӣ тайи се рӯзи ахир ба таври назаррас боло меравад.
Ҳамин тавр, имрӯз як доллар 11,3180 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки дирӯз ин нишондиҳанда дар сатҳи 11.3140 сомонӣ қарор дошт.
Бояд гуфт, ки пули "амрикоӣ" дар Тоҷикистон аз нимаи моҳи март рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Он аз моҳи ноябри соли 2020 бетағйир буд. Коршиносон низ қаблан пешгӯӣ карда буданд, ки асъори амрикоӣ дар охири моҳи март пас аз поинравӣ дубора боло меравад.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Коршинос гуфт, кадом вақт бояд фавран аз доллар халос шуд
Ҳамзамон, тақвияти қурби сомонӣ дар муқобили пули аврупоӣ идома дорад.
Имрӯз як евро дар Тоҷикистон 13,2930 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъори хориҷӣ аз аввали соли 2021 пас аз якбора то ба сатҳи дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
Дар мавриди қурби рубл дар кишвар, БМТ онро барои як рубл 0.1501 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ҳамин тариқ, асъори русӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор гирифта, коҳиш меёбад ва сипас аз рӯи нишондиҳандаҳо боз меафзояд.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0