Мақомот фурӯши билетҳоро шадидан назорат мекунад – шарҳи Агентӣ

© SputnikАвиа касса в Душанбе
Авиа касса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон овозаҳо дар бораи фурӯхта шудани билети тайёраҳо то моҳи июнро такзиб ва ба мардум итминон медиҳад, ки вазъ таҳти назорати шадиди сохторҳои зидахл қарор дорад
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, фурӯши билетҳо дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе пурра аз сӯи ширкатҳои ҳавонавардӣ ба роҳ монда шудааст, аммо бо назардошти вазъи истисноие, ки муҳоҷирини мо доранд, онҳо набояд аз меъёре, ки мувофиқа шуда буд, нархро баланд бардоранд ё яклухт ба афроди алоҳида фурӯшанд.
Пассажиры первого рейса Сомон Эйр Душанбе-Бишкек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Посухи сафорат ба 10 суоли асосӣ дар бораи парвоз ба Русия: аз нарху ҳуҷҷат то транзит
“Мақомоти ваколатдори давлатии соҳавӣ ва сохторҳои дахлдор ин равандро таҳти назорат мегиранд. Ҳолатҳои ҳаннотӣ, яъне аз нархҳои муайяншуда қиматтар фурӯхта шудани билетҳо аслан қобили қабул нест ва дар вазъи кунунӣ набояд ин гуна амал кард. Аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунем, ки дар ҳоли дучор омадан ба чунин ҳолатҳо ба мақомоти зидахл муроҷиат кунанд”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Қаблан Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон эълон карда буд, ки арзиши қимати чиптаи рафтуомад миёни Душанбеву Маскав набояд аз маҳдудаи 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад. Аммо дар ҳоле, ки талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон бештар ҳастанд, қимати парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 - 350 доллар убур кунад ва аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, нархи чипта набояд аз 150 – 200 доллар бештар бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкатҳо ҳақ надоранд қимати рафту баргаштро аз 500 доллар бештар кунанд.

Ду рӯз аст, ки намераванд

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо онҳое, ки дар авиакассаҳои воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, минтақаи дар миёни мардум маъруф ба “Бозори зеленый” – и Душанбе ҷамъ омада буданд, суҳбатҳо анҷом дод. Дар ин маҳал тақрибан 200 нафар ҷамъ омадаанд, то билет дарёфт кунанд.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Аксари онҳо аз навоҳии атрофи Душанбе ба ин ҷо омадаанд. Онҳо гуфтанд, ки бино ба шунидашон, билетҳоро афроди алоҳида ба таври яклухт харидорӣ кардаанд, то баъдтар бо нархи гаронтар фурӯшанд.
“Мо аз ҳукумати худ талаб мекунем, ки фурӯши билетҳоро таҳти назорат бигирад. Хоҳ бовар мекунед, хоҳ не, аксари онҳое, ки ин ҷо ҷамъ омадаанд ва ду рӯз аст, ки интизорӣ мекашанд, пули билетро қарз гирифтаанд ё ягон молашонро фурӯхта омадаанд. Ин ҷо онҳое ҳам ҳастанд, ки ҳуҷҷати иҷозаи иқомати муваққат (РВП) – ро доранд ва агар саривақт ба Русия нараванд, бар мушкилашон афзуда мешавад”, - гуфтанд онҳо.
Аммо масъулини авиакассаҳо гуфтанд, ки ширкати русии “Ют Эйр” тамоми чиптаҳояшро барои парвози рӯзи ҷумъа, 2 апрел, фурӯхтааст ва дар ҳоли ҳозир ягон дона чипта барои фурӯш надоранд.
“Мо ба мардум мегӯем, ки билет нест, аммо онҳо умедворӣ кашида, аз назди кассаҳо намераванд. Мо ҳам як иҷрогарем. Ҳамин ки билетро оварданд, мефурӯшем”, - гуфт як масъули авиакасса.
Дар ҳамин ҳол, дар кассаи марбут ба “Сомон Эйр” дар бораи далоили фурӯхта нашудани чиптаҳо гуфтанд, ки ширкат ҳанӯз машғули корҳои тадорукотӣ аст ва ҳанӯз омодаи фурӯши билетҳо нест.
“Ҳатман билетҳо шаффоф ба фурӯш гузошта мешаванд. Билетҳои мо, тибқи мувофиқае, ки бо Агентии авиатсияи гражданӣ шудааст, фурӯхта хоҳад шуд”, - гуфт масъули кассаи “Сомон Эйр”.

Қаблан 12, ҳоло 2

Директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хоҳишмандони парвоз ба Русия зиёданд, аммо ҳоло фақат дар як ҳафта ду парвоз – яке аз Маскаву яке аз Душанбе анҷом мешавад, ки вобаста ба талабот кофӣ нест.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Билетро гарон накунед: Тоҷикистон гуфт, ки кай шумораи парвозҳо ба Русия бештар мешавад
“Кормандони мо низ бо мардум суҳбат карданд ва талаботи онҳоро шуниданд. Азбаски мо парвозҳои маҳдуд дорем, мардум низ бояд вазъро дарк кунанд. Дар гузашта аз Душанбеву дигар шаҳрҳои мо то даҳ – дувоздаҳ парвоз дар як рӯз ба шаҳрҳои мухталифи Русия анҷом мешуд. Ҳоло фақат ду парвоз дар як ҳафта, он ҳам аз пойтахтҳои ду кишвар. Ҳоло тамоми талошҳои мо бар ин аст, ки теъдоди парвозҳоро зиёд кунем, то мардуми мо ҳам озод чипта гирад ва ҳам парвоз кунад”, - гуфт Икром Субҳонзода.
25 март Русия эълон кард, ки парвозҳояшро бо Тоҷикистон аз сар мегирад. Рӯзи 26 март Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни як ҷаласа масъулияти парвозҳоро ба ширкатҳои “Сомон Эйр” – и Тоҷикистон ва “Ют Эйр” – и Русия вогузор ва нархи чиптаҳоро муайян намуд.
Ширкати тоҷикӣ ҳар сешанбе як парвоз дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе ва ширкати русӣ ҳар рӯзи ҷумъа дар масири Маскав – Душанбе – Маскав якпарвозӣ анҷом хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0