Даъвати ҷавонон ба артиш барои солҳои 2021-2022
Охирин хабару гузоришҳо дар бораи даъвати наваскарон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин ҷо пайдо кунед

Дар хати марз: Ворух нахустин шуда даъват ба артишро иҷро кард

© SputnikВоенные учения России и Таджикистана, архивное фото
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Аз имрӯз ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват шуданд
ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар нахустин рӯзи даъват ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намуданд.
Дар ин бора мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки ҷавонони ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар нахустин рӯзи даъват муждаи зафар мерасонанд.
"Онҳо дарк намудаанд, ки Ворух ва Чоркӯҳ дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз ҷавонони шуҷоъ ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад", - омадааст дар хабарнома.
Тибқи иттилои манбаъ, чорабиниҳои тантанавии гусели наваскарон нахуст дар деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ баргузор гардида, ҳамоиши тантанавии асосӣ дар маркази шаҳри Исфара бо шукуҳи хоса доир гардид.
Рабочая поездка Эмомали Рахмона в Согдийскую область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Маълум шуд, ки чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух меравад
Дар қатори даъватшавандагон ва волидони онҳо хурду бузурги Исфара бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ба макони баргузории чорабинӣ сарҷаъм гардида буданд.
Дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба артиш бо тартиби нав оғоз шуд
Таъкид карда шуд, ки дар рӯзи нахустин ҷавонони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ нақшаро пурра таъмин намуда, бо ин кор ватандӯстии худро нишон доданд. 
Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ
Даъватшавандагон ва наваскарон дар чорабинии тантанвӣ сухан гуфта, бори дигар таъкид карданд, ки барои ҳимояи марзу бум ва ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол омодаанд ва дар иҷрои қарзи инсонии худ ҳамеша тайёр ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0