Оғози тамриноти васеъмиқёси низомӣ дар ҷануби Қирғизистон - видео

Вазири дифоъ гуфт, ки низомиён бояд барои ҳимоя ва амнияти шаҳрвандони Қирғизистон ва дар маҷмӯъ кишвар, омода бошанд
Марҳилаи аввали тамринҳои муштараки фармондеҳӣ-штабӣ ва сафарбаркунии "Коопсуздук-2021" оғоз ёф.
Полеты стратегических ракетоносцев Ту-160 в сопровождении истребителей МиГ-31 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Бузургҷуссаи мушакбар дар ҳаво - видео
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи кишвр хабар медиҳад.
Мавзӯи ин марҳила омода кардани шӯъбаҳои минтақавии мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ аз омодагӣ ба иҷрои вазифаҳо дар заминаи ҷорӣ намудани ҳолати ҳарбӣ ва ҳолати фавқулодда дар баъзе маҳалҳо (ноҳияҳо) мебошад.
Инчунин, ҳадафи машқҳо иҷрои супоришҳои ҷангӣ дар вазъияти шадид мебошад.
"Дар ҷаҳони муосир, чолишҳо ва таҳдидҳои асосӣ терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошанд. Мо бояд омода бошем, ки ҳимоя ва амнияти шаҳрвандони Қирғизистон ва дар маҷмӯъ кишварро таъмин кунем", - гуфт вазири мудофиа Таалайбек Омуралиев.
Машқҳо дар минтақаҳои Ботканд, Ош ва Ҷалолобод то 3 апрел идома хоҳанд кард.
Тамриноти танкчиёни артиши Русия дар вилояти Маскав - видео
Дар онҳо беш аз беш аз 2 ҳазор нафар ширкат карда, тақрибан 100 адад мошинҳои зиреҳпӯш ва махсус, тақрибан 20 системаи артиллерия ва то 10 адад ҳавопаймоҳо ба кор бурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала