Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

"Аз паси касе нохоҳем давид": Антонов аз муносибати Русия ва Амрико гуфт

Сафири Русия дар Амрико Анатолий Антонов гуфт, муносибати Русия ва Амрико ба буҳрони амиқ рӯбарӯ шудааст
Анатолий Антонов дар ҷаласаи муштараки кумитаҳои байналмилалӣ ва дифои Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, муносибатҳои Русия ва ИМА дар бӯҳрони амиқ қарор доранд.
Джо Байден выступает с речью во время своей инаугурации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
Моҳи март сафири ҳукумати Русия, Анатолий Антоновро барои машварат аз амрико бозхонд карданд. Дар Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид намуданд, ки ин кишвар ҷонибдори халалдор шудани муносибатҳо бо Амрико нест ва дар талоши пайдо намудани роҳе ҳастанд, ки муносибатҳои Вашингтону Маскавро ҳамвор намояд.
Дар ҳамин ҳол, Анатолий Антонов зимни ҷаласа таъкид намуд, ки маъмурияти Ҷо Байден дар садади роҳандозӣ намудани таҳримҳои нав алайҳи Русия аст. Аз ин хотир дипломати рус мегӯяд, Маскав ба ояндаи муколамаи дипломатӣ бо амрико он қадар хушбин нест.
"Мехостам қайд намоям, ки мо дар муносибатҳои Русияву Амрико аз интизориҳои "гулобӣ" дурем. Агар дар мавқеи Вашингтон нисбати Русия тағйироте ба амал ояд, он на моҳиятан, балки бештар тобишҳои назарногир хоҳад буд", - изҳор дошт Антонов.
Зимнан, дипломати рус таъкид намуд, муносибатҳои хуб ва амалӣ барои ҳарду ҷониб судманданд, аммо Маскав дар ин масъала аз паси Иёлоти Муттаҳида "нахоҳад рафт".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала